Top Banner

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН«ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

26 декабр 2025

ш. Душанбе. 26.12.2025. Бо мақсади иҷрои Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ имрӯз дар толори меҳмонхонаи «Румӣ» мизи мудаввар вобаста ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ» дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом сурат гирифта, дар кори он муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир,муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло, роҳбарони сохторҳои дастгоҳ, Мақомот ва соҳибкорони ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.