Top Banner

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ФОРУМИ РАИСОНИ ШАҲРҲОИ ОСИЁ

27 ноябр 2025
ш.Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон. Рӯзҳои 27 – 29 ноябри соли 2025 дар шаҳри Теҳрон бо иштироки намояндагони шаҳрҳои Осиё Иҷлосияи 7-уми Маҷмааи умумӣ ва ҷаласаи 11-уми Раёсати иҷроияи «Форуми Раисони шаҳрҳои Осиё» бо иштироки намояндагони шаҳрҳои Осиё аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Туркия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ироқ, Сенегал ва Қатар баргузор гардид.
Шаҳри Душанберо муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом муаррифӣ намуданд.
Ин чорабиниҳо дар доираи “Саммити шаҳри Теҳрон – 2025” баргузор гардиданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ оғоз гардида, дар он роҷеъ ба низоъҳои ҷаҳонӣ ва минтақа, мушкилиҳои иқлим ва манзил, нақлиёт ва ҷаҳони бехатар ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки дар чор соли охир Теҳрон ҳамкории байналмилалии худро васеъ намуда, омода аст таҷрибаи худро вобаста ба дастовардҳо дар рушди шаҳрҳо бо шаҳрҳои аъзо мубодила намояд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони дигар шаҳрҳо низ суханронӣ намуда, оид ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни мавриди назар ибрози андеша намуданд.
Тайи се рӯз Теҳрон ба майдони бузурги мубоҳисаҳо ва макони муколамаи шаҳрҳо табдил ёфт.
Дар ҷараёни баргузории “Саммити шаҳри Теҳрон – 2025” иштирокчиёни он бо дастовардҳои шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос шуда, аз як қатор маконҳои таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолии онҷо дидан намуданд.
Дар асоси санадҳои қабулшудаи Ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии “Форуми Раисони шаҳрҳои Осиё” Душанбе - пойтахти фарҳангии Осиё, Бағдод – пойтахти сайёҳӣ, Ғаза ва Дубай – пойтахтҳои экологӣ эълон шуда, раисии Форум барои давраи нав ба шаҳри Теҳрон расман супурда шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи чорабинии мазк