Имрӯз мулоқоти ҳайати Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндаи тиҷоратии Озарбайҷон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Самед Гасанов доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ, иштирок дар чорабиниҳо ба монанди намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо, конфронсҳои байналмилалӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тақвияти робитаҳо дар самти сохтмон, тиҷорат, туризм ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади ҷалби сармояи озарӣ ба бахшҳои мухталифи шаҳр ва воридоти маҳсулоти он ҷониб ба бозорҳои шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.